Равоншиносӣ
СтатистикаСаҳифаи мо мавзуъҳои равоншиносии хонаводагиро пайгирӣ мекунад ва ҳамаи матлабҳое, ки дар саҳифа мегузорем омӯзишиву умумист. @jmamu1
- Последний пост
- 21 мар.
- Последнее чтение
- 02:04
- Постов за неделю
- 0
- Всего постов
- 21
- Тип
- открытый
- Язык
- русский
- В каталоге с
- 15 авг.
- 1/24сутки в ленте
- —
- 1/48двое суток
- —
- 1/72трое суток
- —
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
Ба соат нигоҳ кардам, ки аз 21 гузаштааст. Эми, кӯдакон ва янга аз рақсу бозӣ хаста шуда буданд. Хобашон бурд. Ману Салимҷон ором ба пеш, ба торикии беохир, ки нури чароғи мошин гӯё онро шикофта роҳ мерафт, нигоҳ мекардем. Тоқатам тоқ шуду гуфтам: - Салимҷон дӯстам, ман имрӯз Худоро дидам... - Ман ҳам, - кӯтоҳ посух дод Салимҷон ва ман дарк кардам, ки ӯ иштибоҳи худро фаҳмид ва гумон мекунам ин дарсро то охири умраш фаромӯш нахоҳад кард... Одил Нозир 21.03.26
Ҳамин тавр, ғарқи олами андешаҳо кӯҳу пуштаҳоро тамошо карда, мерафтем. Салимҷон мусофири хориҷиро саволборон мекард. Аз ҳамин суҳбатҳо фаҳмидам, ки бону Эми ном дорад ва аз Фаронса аст. Забони форсиро дар донишгоҳи Сорбонн омӯхта, дар як ҳайати илмӣ ба Тоҷикистон омадааст ва ба омӯзиши Панҷакенти қадим машғул аст. Ман ҳам ба Эми чанд суол дода посух гирифтам. Бонуи бисёр кушодачеҳраи хандонрӯ ва меҳрубон буд. Фарзандони Салимҷонро ба навбат мебӯсид ва меҳрубонӣ мекард. Филчае дар занҷираи ҷувздони Эми овезон буд. Чун духтари Салимҷон ба он зиёд таваҷҷуҳ кард, кушода ба ӯ дод. Вале янгаи мо онро баргардониданӣ шуд: - Бе ин филча дизайни сумкаи шумо вайрон мешавад, сумкаатон кал метобад, - гуфт янга. Эми, ки форсии эронӣ балад буд, ягон калимаи янгаро нафаҳмид. Ман ба ӯ мақсади ӯро фаҳмонидам. Вале бо вуҷуди ин, филчаро ба кӯдак дод. Чунин бонуи меҳрубону дилкушод буд Эми. “Як мусалмони ҳоҷӣ, наход чунин як бонуи меҳрубону боимонро фиреб кунад?” – меандешидам ба худ. Гарчанде медонистам, ки чанд баробар гарон кардани нархҳо барои сайёҳон дар тамоми дунё як одати маъмулӣ аст. Суҳбатҳоямон гарм чӣ тавр аз нақби “Истиқлол” гузашта ба деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ расиданамонро нафаҳмида мондем. Соат наздики 5 буд. Мошини мо, як ду бор силтав хӯрду аз кор монд. Ҳар қадар Салимҷон талош кард, мошин фаъол намешуд. Дар гирду атроф касе ва чизе намудор набуд. Вале Салимҷон моро ором карданӣ шуда мегуфт: - Дар наздикӣ устохона аст, хавотир нашавед. Ҳамин тавр, Салимҷон, янга, Эми ва банда қариб ним километр мошинро тела додему баъди як гардиш ба устохона расидем. Як бачаи 15-16 сола, ки дастонаш то оринҷ сиёҳ буд гуфт, ки усто нест, ба ҷое рафтааст, вале рақамашро дод. Усто гуфт, ки баъди ним соат меоям. Салимҷон каме ноумед шуду гуфт: - Ягон усто, дар умраш гапи рост намегӯяд, ин ҳам шояд баъди як соат ояд. “Ним” соати ин усто ҳам қариби ду соат тӯл кашид. Усто, ки як ҷавонмарди дар офтоб сӯхтаи қаматбаланд будааст, бо як “Nexia”-и шалақ, ки гумон мекунед ҳамин ҳоло титу пора мешавад омад. Аз мошин фаромаду бо дастони боқувваташ 4-5 маротиба дари “Nexia” -ро сахт зад, вале он маҳкам намешуд. Ахир дудаста дастаки дарро дошта бо пойи боқувваташ ба поёни дар як зарбаи маҳкам заду дар ҳам ба ҷояш истод. Маълум буд, ки ӯ ҳар рӯз аз ин ҳила кор мегирад. - Кулол дар кӯзаи мунда об хӯрдааст, - андешидам ба худ. Ин чӣ усто аст, ки дари мошини худашро таъмир намекунад... Устод мошинро диду хулоса кард, ки “стартер”-ашро бояд иваз кард. Чун Салимҷон бояд занашро ба маърака мерасонид саросема гуфт, “иваз кунед”. - Ман надорам, рафта овардан лозим, - бепарво гуфт усто. - Чанд пул мешавад, - пурсид Салимҷон. - Стартер пилус мину 500 сомонӣ, ҳақи кори ман дар ин шабӣ, боз рафта овардан... – андешид усто ва хулоса кард, - 1000 сомонӣ диҳед мешавад. 100 доллар... - Э як нархи дуруст гӯед усто, инсоф кунед, - бо оҳанги илтиҷо гуфт Салимҷон. - Хай, 900 тед мешавад... - Э усто, инсоф кунед... - 800 як тин ҳам кам намешавад, - қатъӣ гуфт усто. Салимҷон розӣ дигар илоҷе надошт, ҷуз ин ки розӣ шавад. Ҳамон лаҳза савдои Салимҷон бо Эми ба ёдам омад, вале ҳарфе нагуфтам. Салимҷону устод ба ҳамон мошини шалақ нишаста барои “Стартер” рафтанд. Рафтанду бедарак шуданд. Кӯдакон, ки дар майдони устохона хуб бо Эми давутоз карданд, гурусна шуданд. Янга бағоҷи мошинро кушоду гуфт: - Ин дастпухтҳои ман насиби шумо будааст, аз маърака бе ин ҳам дер кардам. Писари усторо хоҳиш кардем як чойи гарм дам кард. Рӯйи суфаи устохона нишаста самбӯсаҳои бомаззаву кулчақанду чак-чакҳои асалиро нӯши ҷон кардем. Ман аз телефонам мусиқиро баланд кардам. Эми бо кӯдакон ба рақс даромад. Янгаро ҳам ба “саҳна” даъват кард. Ману устобача қарсак зада тамошо мекардем ва ҳар гоҳ як пора чак-чакро зари дандон партофта чой менӯшидем. Ҳамин лаҳза садои “Nexia” баромад. Янга зуд хадашро саришта карда, рӯйи суфа нишаст, ки шавҳараш рақсиданашро набинад... Салимҷону усто аз мошин фаромаданд. Усто тарафи сарой рафт. Салимҷон бошад базми моро дида хашмгин шуда бошад ҳам чизе нагуфт ва аз паси усто равон шуд. Боз як соати дигар гузашту Стартери мошинро иваз карданд ва мо ба роҳ баромадем.
ЧӢ ТАВР ХУДОРО ДИДАМ? 📌Дар арафаи Иди Саиди Фитр ва Наврӯзи хуҷастафол як гурӯҳ ронандагоне, ки мусофиронро аз пойтахти кишвар ба шаҳру навоҳӣ мебаранд, аз инсофу имон гузаштанд ва нархҳоро 4-5 баробар гарон карданд. (Барои мисол роҳкирои Душанбе-Кӯлоб, ки 70 ё 80 сомонӣ буд ба 250-300 сомонӣ баробар шуд). Имрӯз як нафар наворе пахш кардааст, ки дар бағоҷи мошин бо нархи арзонтар ба манзилаш меравад... Шикояти сокинонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва шарҳҳоро дидаму ба ёдам як воқеае омад, ки онро ба шумо ҳикоят мекунам... *** Чанд сол қабл ҳукумати шаҳри Панҷакент бандаро ба Ҷашни Наврӯз даъват кард. Чун қаблан азми сафар ба деҳа доштам, ин даъватро пазируфтам. Як рӯз қабл, корҳои идораро ба сомон расонида аз як сар ба ронандагоне, ки дар масири Душанбе – Панҷакент ва баръакс мусофиркашӣ мекарданду телефонашонро медонистам занг задам, вале бисёриҳо аллакай рафта буданд ва як-ду нафари боқимонда нархро ду ва ҳатто се баробар зиёд мегуфтанд. Ночор мондам. Ин лаҳза ба ёдам Салимҷон расид, ки ду даъфаи охир аз Панҷакент бо мошини ӯ ба Душанбе омада будам. Салимҷон, ки ба назарам аз ман чор ё панҷ сол калонтар аст аз ҳамсоядеҳаи мо аст. Гуфта буд, ки ба ким-кадом тиҷорат машғул аст ва қариб рӯздармиён ба пойтахт омада меравад ва аз роҳ се-чор мусофир мегирад, то ҳам харҷи сӯзишвориро барорад ҳам бо онҳо чақ-чақ карда дурии роҳро наздик кунад. Худаш ҳам ҷавони хушсуҳбат аст ва новобаста аз он ки ҳанӯз ҷавон аст, ҷаҳондидаву корозмуда ба назар мерасад ва хотироти зиёди ҷолибе дорад, ки дар омади гап нақл мекунад. Хулоса, ба Салимҷон занг задам. Хурсанд шуду гуфт: - Дилҳоямон наздик аст. Дар вақти муносибе занг задӣ. Мо бо янгаат ҳамин ҳоло роҳ баромаданӣ ҳастем. Бегоҳ моро ба маъракаи яке аз пайвандон ҷеғ задаанд. Янгаат пухтупаз кард. Ҳамин ҳоло самбӯсаро аз тафдон мегираду ба роҳ мебароем. Ту омода шав. Аз чунин шудани кор хурсанд шудам. Соатҳои 15 Салимҷон омад. Дар нишастгоҳи пушт янга, духтару писари тахминан 5-7 солааш нишаста буданд. Бо ҳам саломуайлек кардеме ба роҳ баромадем. Тасмим гирифтам, ки ба Салимҷон як баробар бештар маблағи роҳкиро медиҳам, то дар Наврӯз ба ду кӯдаки дилбандаш аз номи амакашон ширинӣ гирифта диҳад. - Иншоаллоҳ, то се соати дигар ба Панҷакент мерасем, - гуфт Салимҷон. - Худо хоҳад, - гуфтам ман. Вақте аз шаҳр мебаромадем, дар Чорбоғ, дар муқобили истгоҳи таксиҳое, ки мусофиронро ба шимоли Тоҷикистон мебарад, нафарони зиёде аз ду тарафи роҳ истода, барои пайдо кардани таксии ба ҷайбашон мувофиқ интизорӣ мекашиданд. Дар аввал Салимҷон нияти гирифтани мусофирро надошт, вале вақте аз тӯдаи одамон гузаштем чашми ҳар дуямон баробар ба як духтараки хориҷӣ афтод, ки дар пушташ борхалтаи гароне дошт ва хаста ҳам менамуд. Ронандаи мо мошинро дар назди ӯ нигаҳ дошту бо имову ишора пурсид, ки ба куҷо меравад: - Куда? Where will go? - Панҷакент бояд равам, - бо забони шикастаи тоҷикӣ посух дод, хонуми хориҷӣ. Салимҷон зуд фаромаду ба наздаш рафт. Чун тирезаи мошин кушода буд, суҳбаташонро ман мешунидам. - 100 доллар диҳед, шуморо мерасонам, - гуфт Салимҷон. Ростӣ хиҷил шудам. Нархи роҳкиро ба Панҷакент 100 сомонӣ буд ва 100 доллар дар ҳамон шабу рӯз бештар аз 1000 сомонӣ, яъне 10 баробар гаронтар нарх гуфт. - 100 доллар герон аст, - бо форсии моил ба лаҳҷаи эронӣ посух дод он хонум. - Э гарон нест, ҳозир ҳама бо ҳамин нарх мебарад. Мошини ман васеъ, дар пушт фақат занам ва ду кӯдаки хурдсолам. Ман аз рӯйи инсоф ба шумо нарх гуфтам. Боз шумо забони моро медонед, барои ҳамин арзон кардам, - ва монанди ин дурӯғҳо мегуфт, Салимҷон. - Каме арзон кунед? – пойфишорӣ мекард, хонум. - 900 сомонӣ, 90 доллар, ninety dollar, - гӯё арзон кард дӯсти мо. - Ҳоло ҳам гарон, - гуфт бону. - 800 ва тамом. Eigthy dollar. The and. – инглисидонии худро рӯнамоӣ мекард ва қатъӣ гуфт Салимҷон. Ҳамин тавр, бону розӣ шуд ва мо ба роҳамон идома додем. Ростӣ табъам хира шуд. Наход ба хотири хориҷӣ буданаш 10 баробар гарон нарх гузорад. Дилам аз Салимҷон монд. Ба ёдам омад, ки се-чор моҳ пеш аксашро аз назди Каъба дар саҳифааш гузошта навишта буд: “Алҳамдулиллоҳ, ки маро бори сеюм зиёрати Хонаи Худо насиб гашт”...
НИЁИШ Бори дигар паёми идам деҳ, Нав ба нав, нав ба нав навидам деҳ. Ҷумла дар қуфл шуд, зи ҷайби ғайб, Тозаэъҷоз кун , калидам деҳ, Баҳри ислоҳи як ҷаҳон иллат Боз ҳам фурсати мадидам деҳ. Як нафас бо ҷавонии рафта Тозаимкони боздидам деҳ. Ту, ки муншии ҷовидонмуҳрӣ, То абад толеъи саидам деҳ. © Фарзона
Ба одамон чунон қазоват кунед, ки агар рӯзе бар хилофаш исбот гардад, пеши виҷдони худ шармсор нагардед. @ravondarmon1
Дӯстам мағзи шарифат ҳуҷҷати меъёр нест, Ҳар касе чун ту наяндешад, ҷинояткор нест! Рустами Ваҳҳоб
Зане аз вакили дифоъ, ки маҳз бо ёрии ӯ дар суд пирӯз шуда буд, пурсид: "Чӣ тавр ман метавонам миннатдории худро ба шумо расонаму ташаккур гӯям?" -Аз замони ихтирои пул, ташаккур арзиши худро гум кардааст, - гуфт, вакили дифоъ
Ҳар инсон дар зиндагии худ се достон дорад: — достоне, ки ҳоло зиндагӣ мекунад, — достоне, ки орзу дорад зиндагӣ кунад, — достони дардноке, ки мехоҳад онро фаромӯш созад. @ravondarmon1
Ҳаргиз фикр накунед, ки бо доштани пули зиёд шумо сарватманд мешавед. Дар дунёи имрӯза сарват фаротар аз пул аст. Наполеон Ҳилл дар китоби «Калиди тиллоӣ» 15 навъи сарватро муаррифӣ мекунад, ки доштани онҳо моро воқеан сарватманд мегардонад: 1. Муносибати мусбат 2. Муоширати муассир 3. Одобу ахлоқ 4. Омӯзиши якумрӣ 5. Интизоми шахсӣ 6. Тандурустии воқеӣ 7. Оромиши хотир 8. Эҷодкорӣ 9. Муҳаббат ба кор 10. Доштани нақша ва ҳадаф 11. Дили сипосгузор ва забони шукргузор 12. Фаҳмидани дигарон 13. Истифодаи самараноки вақт 14. Бахшандагӣ 15. Эътимод ба нафс @ravondarmon1
Бигзор ин суруд инҷо бошад. Барои марҳами захмҳои дил❤️
Аз чизҳои оддии зиндагӣ лаззат бурдан лозим аст. Агар хушҳолиро танҳо аз иттифоқҳои бузург интизор шавем, қисмати зиёди умрамон дар норозигӣ мегузарад.
Ба модари дилфигори Қобилҷон хонаву дар бояд дод, то ки дигар ёди ғарибӣ накунад ва фарзанди дигарашро ҳамин ҷо тарбият ва таълим диҳад. 9. Дар ҳар лоиҳаву паймону шартномаҳои иқтисодӣ бо Русия моддаи махсуси ҳимояи шаҳрвандони Тоҷикистон аз табъизи нажодӣ ва хусумати миллиро ворид бояд кард, дар сурати акс, он лоиҳаву шартномаҳо якҷониба бекор шаванд. 10. Тамоми китобҳои таълимии фанни таърихро бо назари интиқодӣ ва таҳлили амиқи илмӣ бознигарӣ карда, ҳаводиси ахири асри XIX ва оғози асри XX-ро аз мавқеи ҳақиқати таърихӣ аз нав навиштан лозим, то ки устураҳои наҷоти як миллат аз ҷониби миллати дигар пурра ҳазф карда шаванд. Методҳои аслӣ барои навиштани таърихи кишвар инсоф, адолат, ҳақиқат ва воқеият бошад, на стереотипҳои даврони шуравӣ. 11. Давлати Тоҷикистон барои ба муҳоҷирати корӣ равон кардани оилаҳои камбизоат, ки тифлонашон эҳтиёҷ ба таълим доранд, бояд барномаҳои вижаи иҷтимоӣ бо назардошти будани ҷойи воқеии кор, манзили зист ва мактаби бехатар барои кӯдакон таҳия кунанд, дар сурати баръакс, фиристодани чунин оилаҳоро манъ кунанд. 12. Бо назардошти доду фарёди хеле аз мутасаддиёни мактабу маорифи рус, ки мегӯянд: “тоҷикон саводи дурусти русӣ надоранд ва дар синфхонаҳо бо дониши сусташон русзабонҳои дигарро аз донишомӯзӣ қафо мекашанд”, соҳибкорони тоҷик ва сохторҳои масъули Тоҷикистон барои таъсиси мактабҳои хусусӣ барои кӯдакони тоҷик дар шаҳрҳои бузург саъю талош кунанд. 13. Аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ истифода карда, дар назди сафоратхона ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Русия мактабҳои бузургҳаҷми таълимӣ бояд таъсис дод, ё пансиону интернатҳо бо ҷойи хоб, то ки волидон бо хотири ҷамъ аз пайи ризқу рӯзияшон бошанд. 14. Ба Созмони Милал муроҷиат шавад, ки дар масъалаи табъизи нажодии кӯдакон ва куштори онҳо бар асоси хусумати миллӣ қатъномае қабул кунад. 15. Дар синфҳои болоии ҳама мактабҳои Тоҷикистон дарсҳои махсуси фарҳанги халқҳои ғайр (агар майли муҳоҷират ба кишвари рус бошад, фарҳанги мардуми рус, агар ба Куриё бошад, фарҳанги мардуми Куриё ва ғайра таъсис бояд дод, то ки ҳар ҷавони муҳоҷир аз ҳолу ҳавои мардум ва маданияту менталитети миллии он кишвар огаҳ бошад). ДАР НИҲОЯТ... Ниҳоят, фарҳанги зиндагии осударо дар Тоҷикистон ба маънои комилу густардааш бояд ба роҳ монд, ки асосаш тарбияву омӯзиш аст. Ситсерони бузург мегуфт: “Ончунон кишоварзе заминашро кишт мекунад, ҳамон гуна одамон бояд фалсафаи ақлро кишту кор кунанд...” Аз ин беҳтар Рене Декарт гуфта буд: “Доштани ақл кам аст, истифодааш муҳимтар...”. Аз фалсафаи ақл кор бигирем, то ки фоҷеаҳо такрор нашаванд...
Аммо ин ҷаноби ба ном журналист бо забони каҷу килебу пурхатои русӣ дар бораи чизҳое гуфт, ки мавҷи тӯфони хашму ғазаби мардуми дунёро ба амал овард. АСЛАНИ АЗИЗ, Ӯ ҲАМДИЁРИ МАН НЕСТ... Аслан ном дӯсти авар (аз Доғистон) дорам, ки дар Тошканд мезияд. Боре дар конфронсе шинос шуда будем. Адабиётро зиёд дӯст медорад ва Расул Ҳамзатовро чун паёмбар эҳтиром мекунад. Маро аз он эҳтиром мекарду мекунад, ки маҳз ҳамин “Доғистони ман”-и пири маънавиашон Расул Ҳамзатро қариб азёд медонам. Доим мегӯяд, ки миллатҳои бузург дар кӯҳистон мезиянд, дар баландиҳо, дар ошёнҳо, дар қуллаҳо... Дӯстии Турсунзодаву Ҳамзатовро намунаи дӯстии ҷавонмардона мепиндорад... Ҳамон рӯз дар месенҷерам навишт, ки дар вохӯрии Путин тоҷики ҳамшаҳрат баромад кард. Тоқии тоҷикӣ дошт, мисли ҳамон тоқие, ки замоне ба ман ҳадя карда будӣ. Бори дигар изҳори таслият кард ба марги Қобилҷон... Гуфтам, ки афсӯс, ки надидам, ҳоло каме нотобам. Пурсидамаш: - Аз чӣ сухан кард? - Аз кадом як китобе ва боз аз русҳо хост ҳайкали Хайём бисозанд. Ба фикрам Путинро нашинохт, гуфт, ки ба президенти Русия расонед... - Аз фоҷеаи Қобилҷон-чӣ? - Не, ягон гап нагуфт... - Пас, ӯ ҳамдиёри ман нест, азизам Аслан. Агар ҳамватани ман мебуд, хуни поки тоҷикӣ медошт, ҳатман аз кордзании як навраси аҳриманзода ва “дада-дада”-гуфтанҳову ҷон кандани як ҷузъи ҷисму ҷони Тоҷикистон мегуфт... - Ба ёд биёр, ки дар китоби Расул Ҳамзат қиссаи забонро гум кардани як доғистонӣ ҳаст. Рассом буд ва мехост ба модараш пайғом фиристад, ёд дорӣ? Нависанда дар Порис бо ӯ, на бо забони аварӣ, балки бо тарҷумон суҳбат мекунад. Ёд дорӣ? - Бале. Модараш аз ӯ даст мекашад, азбаски писар забони модариашро гум карда... - Пас, ин одам ҳам ҳамдиёри ман нест, чун дар лаҳзаи ҷонгудози миллат аз дарди миллат чизе нагуфт... - Басо талх гуфтӣ, вале гапат рост. Ором шав... - Сипос. ОХИРИ СУХАН Вақте ки аҳриманзодае ба тани Қобилҷон корд мезад, садои “дада-дада”-и ӯ дар дару деворҳо танин меандохт... Ӯ дар пушти ин сухан ватанаш, мардуми Тоҷикистонро дар назар дошт, зеро медонист, ки падараш нест, мурдааст кайҳо... Шояд баъди маргаш ба доди руҳи озодаи ӯ бирасанд, то ин қабил фоҷеаҳо дигар такрор нашаванд... ЧӢ МЕБОИСТ КАРД? 1. Қатъиян талаб кардан даркор, ки парвандаи ҷиноии он аҳриманзодаи қаттол бар асоси “хусумат ва нафрат ба намояндаи миллати дигар” мавриди санҷиш қарор гирад ва мурофиаи ошкоро бо ҳузури ҳама намояндагони ҷамъиятҳои миллии ғайрирус баргузор шавад. 2. Вуруди тамоми маҳалгароҳои русро аз Русия, қабл аз ҳама ҳомиёни онҳоро аз сохторҳои қудратӣ ва қонунгузор, ба Тоҷикистон манъ бояд кард... Номҳои малъунашонро ҳама медонанд. 3. Тамоми ҷамъиятҳои тоҷиконро дар шаҳрҳои бузурги Русия барҳам дода, ба ҷойи онҳо Кумитаҳои ҳифзи саломатӣ ва рушди фарҳанги тоҷикиро (бо таъсиси мактабҳои дорои ҳаққи таълими забону адабиёти тоҷикӣ) таъсис бояд дод. 4. Талаб бояд кард, ки дар ҳама зинаҳои қонунгузории кишвари рус қонунҳои махсуси ҳимояи фарҳанги ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шаванд. 5. Дар тамоми шаҳру вилоятҳои рус семинару тадбирҳо роҷеъ ба асосҳои мультикультурализм (таҳаммули бисёрфарҳангӣ) баргузор шаванд, то ки ҳама бидонанд: дар ҳар ҷо, ки бошад, хоҳ Русия ё Амрико, мардум ҳаққи зиндагии осоишта бо риояти расму таомул ва оинҳои худро доранд ва касе бар каси дигар, ҳеч қавме бар қавми дигар афзалият надорад. 6. Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ҳимояи муҳоҷиронро ҷиддӣ бигирад: дар ҳама шаҳру вилоятҳо сохторҳои қудратии тоҷик ситод дошта бошанд, то сари вақт ба доди ҳамдиёрон аввал худашон бирасанд. 7. Ба зудӣ барои дарёфти кишварҳои дигари муҳоҷирқабулкунанда чораҳо бояд андешид. Суроғаҳои ёфтани кор дар хориҷаро тағйир бояд дод (масалан, Австралия, кишварҳои мутамаддини Аврупо, Канада, ҳатто Исроил, ки ҳаққи инсон дар тафовут бо хеле аз кишварҳои мусалмоннишин ҳамаҷониба таъмин мегардад). 8.
Агар ҳатто ягон академики тоҷик ё ӯзбек ба ин мулк биравад, ҳатман бо ӯ мисли як муҳоҷири навбатӣ – намояндаи як қавми дувумдараҷа муносибат мекунанд. Мардуми дигарро ошкоро танқид мекунанд, ки “дару даҳлезҳои моро”, “роҳу раҳравҳои моро”, "кӯчаву хиёбонҳои моро” ифлос мекунанд, “фарзандонашон ба низоми таълими русӣ” мувофиқ нестанд ва ғайра... Инҳоро ҳам дар кӯчаву бозорҳо мегӯянд, ҳам дар парлумонашон. Ва инро дар фаҳми умум идеологияи таҳаммулнопазирӣ мегӯянд, ки натиҷааш бадбинии миллатҳои дигар, расизм ва фашизми навбаромад аст... Ҳоло изҳори рӯйирости нафратро ба намояндагони милали дигар “нуқтаи назар” мегӯянд ва ҳамдастии созмонҳои миллатгароро бо сохторҳои давлат – таъмини осоиши ҷомеа... БИСМАРК ЧӢ ГУФТА БУД? Дар замонаш Отто фон Бисмарк (сиёсатмадори маъруфи олмонӣ, 1845-1898) мегуфт, ки давлати аз нигоҳи таъмини зиндагии осудаи ҳама қавму миллатҳо нотавону ноуҳдабаро ҳатман аз сохторҳои кумакрасони теғбадаст истифода хоҳад кард. Як идея, як андешаро дар миён меандозад ва гурӯҳеро саробонӣ мекунад ва кори ҳукумат бо ҳамин осон мешавад... Он гурӯҳи бо идеологияи ифротӣ мусаллаҳ бо тарсонидану гӯё ба назму низом овардани ҷомеа масъул мегардад ва бо ҳамин кори хирс тамом. Бинед, ки ҳоло айнан ҳамин идеология ва айнан ҳамин тарзи фаъолият идома дорад, вагарна барои як давлате, ки тамоми бонку молиёту дороиҳо, куллияи артишу сохторҳои низомӣ дар ихтиёри русҳост, чӣ лозим дорад ба созмонҳое, ки боз барои русҳо корҳои дифоӣ кунанд? Аз киҳо дифоъ кунанд? Кадом арзишҳоро ҳимоят кунанд? Аз муҳоҷироне, ки ғайр аз кору маош фикри дигаре дар сар надоранд? Ё мехоҳанд таносуби миллатҳои бумиро бо миллатҳои муҳоҷиршуда бо усули саркӯб кардану ҳаросафканиҳо (хонда шавад – ба ғуломони кару гунг табдил додан) нигаҳ доранд??? Расо даҳ сол аст, ки аз миллати русу русзабонҳои Русия як одам ҳам зиёд нашудааст. Таваллуд нест. Даҳ сол боз. Як хавфи бузурги миллатгароёни рус ва ҳомиёни онҳо дар сохторҳои масъул ҳамин аст: "Инҳо сарзамини моро бо баҳонаи муҳоҷират “истило” хоҳанд кард". Худашон бехабар, ки аллакай Шарқи Дур ба Хитойи дувум табдил шуда... Ман хабар надорам, ки ягон зану марди хитоӣ ба табъизи нажодӣ дучор шуда бошад, зеро ҳоло дар айёми ҷанги зидди Укроин беш аз навад фоизи ресурсҳои технолоҷӣ аз ҳамин кишвар ба даст меояд ва агар кумаки Чин набошад, ин ҷанги хонумонсӯзи русу укроин дар як моҳ ба итмом мерасад. Инро русҳо хеле хуб медонанд... Баргардем ба сарнавишти Қобилҷони азиз. Ӯро танҳо барои тоҷик буданаш куштанд, ки ҳосили идеологияи миллатгароӣ буд. Ва инчунин натиҷаи сиёсате, ки аслан бунёди гуманистиву таҳаммулпазирӣ надорад. ПУТИН ВА ЖУРНАЛИСТИ ТОҶИК Се рӯз баъди ин фоҷеа президенти Русия Путин нишасти солона дошт. Ҳанӯз хуни поки фариштае бо номи Қобилҷон дар фарши мактаб хушк нашуда, журналисти тоҷики дар сар тоқии чакан ба сухан баромад ва китоберо муаррифӣ кард. Гуфт, ки ба президент расонед, ки пайкараи Хайёмро бисозад... Таваҷҷуҳи ҳама бинандаҳое, ки ҳанӯз ашки чашмонашон мерехт, ҷониби ин қаҳрамони саҳна буд: ӯ мебоист аз худи “Одами рақами як”, аз “Шарики вафодори стратегӣ”, аз “Лидери тамоми ИДМ ва СҲШ”, аз Шахсияте, ки чаҳор солу анд моҳ боз бо “фашизми бегона” ва “миллатгароёни беруна” меҷангад, миллиардҳо пул харҷ кардаву садҳазорон аскарҳоро (ки мутаассифона, тоҷикон ҳам будаанд) талаф додааст, МЕПУРСИД, КИ: “Чаро чунин шуд, ки дар як кишвари амну осуда кӯдаке бо аломати аз миллати тоҷик буданаш кушта шуд?”. СУОЛИ ДУВУМ: “Шумо тасдиқ мекунед, ки миллатбадбиниву нафрат ба қавмҳои дигар то зинаҳои парлумону ҳукумат роҳ ёфтааст? Агар ҳа, пас, барои пешгирии он кай фармони баста шудани тамоми созмонҳои миллатгароро имзо мекунед?” СУОЛИ СЕВУМ: “Агар мабодо модари Қобилҷонро бинед, ё ҳазорон ҳазор қаҳрамонҳои тоҷикро ба ёд биёред, ки дар майдонҳои Ҷанги бузурги ватанӣ барои СССР ном сарзамини умумӣ ҷон бохтанд, аз чӣ меандешед?” СУОЛИ ЧАҲОРУМ: “Оё боре барои марги кӯдаки нагунбахте гиристаед?”.
Воқеан, Лев Николаевич Толстой - бобобузурги ин сиёсатмадори рус мафҳуми патриотизми давлатиро қабул надошт, миёни патриотизми табиии маънавибунёд ва патриотизми давлатӣ фарқ мегузошт. Дар “Некии муҳаббат” (1908) ном рисолааш ошкоро гуфтааст, ки муҳаббати воқеӣ ба миллат ва сарзамини худ набояд ба арзишҳои одамони дигар, мардумони сарзаминҳои дигар ва дину оинҳои дигар зиён расонад. Дар аксар романҳояш ин ақидаро дошт, ки низоми давлати русӣ “барои вуруди эҳсоси инсондӯстона” ягон даромадгоҳ надорад, ҳама ҷо маҳкам, ҳама ҷо иҷрои уҳдадориҳои рӯякӣ ҳасту бас... Ҷанг гувоҳи бехирадист, инкори ҳақиқат ва гуманизм аст, бадии мутлақ аст, ба ҳар баҳонае, ки сар назанад, ҷангҷӯён муқобили ҷараён мераванд, ҷараёне, ки худи табиати одамиро инкор мекунад... Ин ҳама андешаҳои бузургворонаи Лев Толстой имрӯз ба гӯши касе намерасад, ҳадди ақал ҳамин андешааш, ки дар давлате, ки даъвои тамаддун мекунад, бояд фарҳанги ҳамзистӣ бо ақвому милали дигарро дар ҷомеааш таҳким бахшад, чандфарҳанггаройӣ ё такассургаройии фарҳангиро (мультикультурализм)-ро ҷорӣ кунад, идеологияи гуногунрангии зисти башарро таъмин намояд... Банда ҳар қадар аз таърих ҷустуҷӯ кардам, ягон империяи абарқудрати пешинаро наёфтам, ки бидуни ҳамин рангорангии фарҳангу тамаддунҳои одамӣ рушд карда бошад: аз Шумери қадим сар карда, то Амрикои кунунӣ... Кудом давлати абарқудратеро дар ёд доред, ки танҳо аз як қавму як фарҳанг иборат будааст? Нест ва то ҷомеаи башарӣ ҳаст, чунин нахоҳад буд... Ҳоло дар ҳама ҷо, ки сухан аз куштори бераҳмонаи Қобилҷон, як кӯдаки толибилми тоҷик равад (ки дар мактаби русӣ мехонд, таърихи адабу фарҳанги ин кишварро меомӯхт, ба фазои фарҳанги русӣ “адаптатсия” мешуд, худро як узви ин ҷомеа медонист – хулоса, ба ҳама талаботе, ки ҳукуматдорони рус ҳоло аз миллатҳои дигар сахт мехоҳанд, посухгӯ буд), мегӯянд, ки ин як “ҳодисаи хусусӣ” аст (частный случай)… Дар маводи пешакии тафтишотӣ ҳам ин ҷиноятро ҳоло “куштор” ва “қасди куштор” муайян кардаанд. БОВАРАМ НАМЕОЯД... Ҳеч боварам намеояд, ки ин ҷинояти ниҳоят мудҳиш бар асоси “хусумати миллӣ” ё “бадбинии миллатҳои дигар” арзёбӣ шавад. Агар шавад, давлат маҷбур аст, тасдиқ кунад, ки дар мамлакат бадбинии саросарии ақвоми дигар (ксенофобия) вуҷуд дорад ва ибораи пурсару садои “сулҳу салоҳи байни миллатҳо ва дӯстиву иқоъи мардумони маскуни сарзамини рус” зери суол хоҳад рафт, яъне миф будани ин навъи зиндагиву таҷаммуъи мардум ошкор хоҳад шуд. Барои зуд фаромӯш шудани қазия, ба гумони ғолиб, ин даррандаи одамкушро ё девона ҳукм мекунанд ва ё ба ихтиёри кудом созмони сарпараст месупоранд... Аммо санадҳоро чӣ гуна рӯпӯш хоҳанд кард? Бо манифести “Хашми ман”, ки силоҳи идеологии ин наврас буд (ба хотирам номи китоби Ҳитлер “Муборизаи ман” меояд) чӣ мекунанд, ба фаъолияти волидонаш, ки бо созмони миллатгарои “Обшинаи русӣ” алоқа доштанд, чӣ баҳои ҳуқуқӣ медиҳанд? Аввал аз миллат пурсидану баъд одам куштанашро чӣ гуна баҳо медиҳанд? ҲАЛҚАҲОИ САБАБ Хуб, дер ё зуд, инҳо ҳама маълум мешаванд. Сарҳалқаи сабаби ин куштор нотавонии системаи давлатдорист: система мехоҳад, ки ба кадом воситае набошад, ҳувияти миллати русро ҳамчун миллати давлатшаклдиҳанда баланд бардорад, афзалияти онҳо нисбат ба дигарон маълум бошад, пеш аз ҳама, мушкилоти зисти онҳо ҳал бошад, аммо проблемаи муҳоҷирон ва “одаткунонии” онҳо бо он тарзу равише, ки русҳо мехоҳанд, намешавад... Як мардуми дорои фарҳанги хос (чӣ тоҷику чӣ ӯзбеку қирғизу қазоқу чечену балқару дигару дигар) ба ҳеч ваҷҳ ба хотири ду танга маош расму оин ва эътиқоду менталитеташро иваз нахоҳад кард... Дар тамоми дунё чунин аст: чӣ дар Амрико ва чӣ дар Аврупо. Дигар сабаб батамом иваз шудани арзишҳоест, ки ба вуҷуд овардани ҳамин фазои чандфарҳангиро таъмин мекунанд: баробарии мардум ва шаъну эътибори миллатҳои дигар бо миллатҳои бумӣ кайҳост, ки аз байн рафта...
Муаллиф: Ҳафиз Раҳмон ТАНАЗЗУЛИ МАЪНАВӢ... (Ё рахнае дар девори ҳувият ва асолати мо, дар ҳисси миллии мо... Ва ба чӣ далел банда тоҷикеро дар суҳбат бо як дӯсти доғистониям ҳамдиёри худ, яъне тоҷик эътироф накардам... ОҒОЗИ МАТЛАБ... Бо ҳамин ном, яъне “Таназзул” ё “Суқут”, адиби маъруфи фаронсавӣ Албер Камю қиссае (аниқтараш романе) дорад. Қаҳрамонаш Жан-Батист Кламанс, адвокати боэҳтирому серу пури порисӣ, чӣ гуна ба бунбасти маънавӣ уфтоданашро нақл мекунад. Шабе ӯ дар соҳили Сена (дарёе, ки аз миёни шаҳри Порис мегузарад) сайр мекарду духтареро дид, ки худро бо доду войи ҷонкоҳ ба дарё андохт. Ӯ наистод ва коре барои наҷоти он бону накард... Худро таскин медод, ки шаб аст ва агар худро ба дарё меандохт, аз дасташ коре намеомад... Дигар то ахири умр ҳамин дарди ботинӣ азияташ медод: дар зоҳир накукор, аммо дар ботин худхоҳу бешараф... Амал накардан дар вазъи зарурӣ ҳаёти баъдияшро тағйир дод: умре дигар худашро худаш эҳтиром намекардагӣ шуд... ПАНҶ РӮЗИ САРАФКАНДАГӢ Банда баъди марги фоҷеабори Қобилҷон, бидуни ҳеч андешаи пасопешӣ, худро панҷ рӯз боз дар чунин ҳоли забуниву сарафкандагиву таназзули маънавӣ мебинам... Чанде аз дӯстонам ҳамин гапро мегӯянд. Дар рухсори ду-се каси муҳтарам ҳангоми суҳбат аз марги муфоҷои Қобилҷон рехтани ашкро дидам, баъзеҳо гуфтанд, ки қалам дигар дар ихтиёрашон нест, чизе навишта наметавонанд... Ҳамин фоҷеаро чӣ гуна таҳаммул кунанд, чӣ гуна дарк кунанд, чӣ навъ баҳо диҳанд, намедонанд... Ман ҳам, ки бо сабаби бемории беш аз як ҳафта қалам ба даст нагирифтаам, аз ҷумлаи ҳамонҳое ҳастам, ки ҷуз ғаму андуҳи дарунӣ, ғайр аз беқарории ҳиссӣ коре накардам ва сатре нанавиштам... Фақат навиштаҳои дигаронро хондаму афсӯс хӯрдам, ҳар гаҳ ки ҷигарам оташ мегирифт, оби сард менӯшидам... Расо панҷ рӯз аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон азову мотам дорад. Дин мегӯяд, ки азо бояд се рӯз бошад, аммо ин ҷо ҳатто фармудаи дин дигар таъсир надорад... Ин ҷо фоҷеаи одӣ нест, ки бигӯӣ, насибу сарнавишт ҳамин будааст. Ин ҷо фоҷеа хеле фаротар аз як фоҷеа аст... Фоҷеаи як кӯдаки ғуррамарг не, фоҷеаи тамоми миллат аст... ОШКОРО ВА РАМЗӢ (аз Лев Толстой то Пётр Толстой) Ин куштор рахнае дар девори ҳувияти мо ба вуҷуд овард: басо намоишкорона, ҳам ошкоро, ҳам рамзӣ... Ошкорояш ҳамин ки “дар Русия танҳо русҳо ҳаққи хуҷаинӣ кардан доранд, ягон қавми дигар ҳаққи бо ин тоифа баробар зистан надорад”... Рамзияш – “ғуломиву бардагиро сад фоиз ба гардан бигиред, вагарна аз Ҳинду Африқо милёнҳо муҳоҷирон омодаи омадан ҳастанд, ҷойҳоро холӣ кунед...”. Куштори бераҳмонаи кӯдаки 10-солаи тоҷикро аз даруни кишвар дида дар хориҷи он зиёдтар ва хеле бо лаҳни шадидтар маҳкум карданд... Ҷиддӣ ва бо таҳлили жарф. Ҳазор бор илмитару баинсофтару густардатару фарогиртар аз назари олимони мо... Олимони сиёсатдону ҷомеашиноси мо хомӯшанд, шояд як навиштаашонро ба даҳ ҷо бубаранд, то ки “хатое” нагузарад... Аз садҳо таҳлилҳои хосу ом як ибораи Одам Қодиров (писари 17-солаи Рамазон Қодирови чечен) ба назарам дурусттар намуд: ин фоҷеа ногаҳониву як бору ду бор нест, “проблемаи системавист”. Яъне системавӣ шудааст, чунки ба як рукни дар тарсу ҳарос ва дар ҳолати хавотирии ҳамешагӣ нигаҳ доштани ҷомеаи “ғайрирусҳо”-ро мавриди ҳадаф дорад. Дар чунин система ҷойи қонунро фаъолияти созмонҳои миллатгарову шовинистӣ иваз мекунанд ва аз ин ки ин созмонҳо озодона амал мекунанд, маълум мешавад дар болоҳо “пуштибонҳои маъруфу машҳур” доранд. Аз гирифтани номҳои малъунашон худдорӣ мекунем, чун ҳама онҳоро медонанд... Якеаш ҳамин абераи Лев Николаевич Толстой (Пётр Толстой) аст, ки бо ҳазёнҳои ҳамешагиаш дар бораи хатари муҳоҷирони осиёимиёнагӣ шояд хоби абадии он бузургворро мунтазам “ҳаром” мекунад...
ҲИКОЯТЕ аз Содиқ Ҳидоят: Дар як ҷамъ беҳавсала нишаста будам. Тибқи одати ҳамешагӣ маҷалларо варақ задам то ба ҷадвал (хонда шавад - кроссворд) расидам. Ҳамин ки дар дилам хондам: се амудӣ, яке гуфт: баланд бигӯ. Гуфтам: як калимаи сеҳарфӣ аст. "Аз ҳама чиз бартар аст". Ҳоҷӣ гуфт: пул (پول). Тозааруси маҷлис гуфт: ишқ (عشق). Шавҳараш гуфт: ёр (یار). Кӯдаки дабистонӣ гуфт: илм (علم). Ҳоҷии пушти сар ҳам гуфт: пул, агар намешавад, тило (طلا), сикка (سکه). Гуфтам: Ҳоҷӣ, инҳо намешавад. Гуфт: пас бинавис: мол (مال). Гуфтам: боз ҳам намешавад. Гуфт: ҷоҳ (جاه). Хаста шудам, бо талхӣ гуфтам: на, намешавад. Дидам, ҳама сокит шуданд. Модарбузург гуфт: умр (عمر). Сиёвуш, ки тоза аз сарбозӣ омада буд, гуфт: кор (کار). Дигаре хандиду гуфт: вом (وام). Яке аз он васат баланд гуфт: вақт (وقت). Яке гуфт: одам (آدم). Хандаи талхе кардаму гуфтам: на. Аммо фаҳмидам: То шарҳи ҷадвали зиндагии касеро надошта бошӣ, ҳатто як калимаи сеҳарфии он ҳам дуруст дарнамеояд!!! Бояд ҷадвали комили зиндагиашонро дошта бошӣ. Бидуни он ҳама чиз бемаъност!!! Ҳар кас ҷадвали зиндагии худро дорад. Ҳанӯз ба он калимаи сеҳарфии ҷадвали худам фикр мекунам. Шояд кӯдаки побараҳна бигӯяд: кафш (کفش). Кишоварз бигӯяд: барф (برف). Лол бигӯяд: ҳарф (حرف ). Ношунаво бигӯяд: садо (صدا). Нобино бигӯяд: нур (نور)... Ва ман ҳанӯз дар фикрам, ки чаро касе нагуфт: ХУДО (خدا).
🌿Маҳоратҳои Оиладорӣ🌿 Ҳар робитае, ҳатто даҳсолаҳо бошад ҳам ба марҳилаҳои буҳронӣ ворид мешавад, ки аксар завҷайн онро ба иштибоҳ нишоне аз поёни муносибат мешуморанд. Аммо ин амри табиисту дилсард шуданҳо дар хушбахтарин муносибаҳо мавҷуд аст. Гоҳ-гоҳ дар зиндагии муштарак, рафторҳо ва одатҳои ҳамсарон озурдакунанда ё аҷиб менамоянд, ки мумкин аст ин савол пеш ояд: “Оё интихоби ман нодуруст буд”? Аммо ин дилсардиҳо маънои ба охир расидану канда шудани риштаи пайвасшуда нест, балки нишонае барои рушд, гузаштан ба марҳилаи нав ва даъват ба огоҳиву амиқтару самимитар шудани муносибат аст. Ин ҳисс метавонад борҳо такрор шавад, мисли оғози кори нав, гум шудани ягон азиз, ё фишорҳои рӯҳӣ. Бояд гуфт, ки оилаҳои қавӣ онҳое нестанд, ки ҳеҷ гоҳ дилсард намешаванд, балки онҳоеанд, ки иштибоҳҳоро ислоҳ мекунанд, бо сӯҳбат нофаҳмиҳоро аз байн мебаранд, дардҳои ҳамдигарро мешунаванду дарк менамоянд. Муҳаббати устувор дар оила бо гузаштан аз марҳилаҳои душвор ( дуруст аз ҳамонҷое, ки дигар ҳама чиз номумкин аст) сохта мешавад... @ravondarmon1
Аз таҷриба: Аввал таъом... Ибни Халдун: «Вақте ки одамон гуруснаанд, ахлоқи онҳо вайрон мешавад». Достоевский: «Аввал ба одамон хӯрок диҳед, баъд аз онҳо фазилат талаб кунед». Гӯё, бо вуҷуди асрҳо ва масофаҳо, онҳо дар як ҳақиқат ҷамъ мешаванд: ...Ки шаъну шараф дар оғӯши гуруснагӣ шукуфон намешавад ва ин ахлоқ дар шиками холӣ сохта намешавад. @ravondarmon1
Падар, Падар, Падар, ки зери соят бувад ҳамеша холӣ аз хатар. Падар, Падар, Падар, Тамоми талху тундро ба мо намудаи шакар❤️