BySabirun
Статистикаلَا إِلَهَ إِلَّا الله مُـحَـمَّـدٌ رَسُـولُ اللهᅠᅠᅠᅠᅠᅠ Ин ҳама чизест, ки пас аз ман боқи мемонад. Эй шахсоне, ки имон овардаед, тавҳидро омузед!
- Последний пост
- 15 авг.
- Последнее чтение
- 15 авг.
- Постов за неделю
- 35
- Всего постов
- 35
- Тип
- открытый
- Язык
- tg
- Категория
- Религия (по похожим)
- В каталоге с
- 13 авг.
- 1/24сутки в ленте
- 104
- 1/48двое суток
- 119
- 1/72трое суток
- 128
Оценка по просмотрам недавних постов: пост набирает почти всё за первые сутки.
Посты
إِنَّ فِي قَلْبِي أُمْنِيَةً وَأَنْتَ يَا رَبِّي مُجِيبُ Дар ҳақиқат, ки дар қалби ман орзуе (хоҳише) ҳаст ва Ту, эй Парвардигори ман, иҷобаткунанда ҳасти.
Ба ҷойгоҳи худ назди махлуқот назар накун, балки бубин, ки мақоми ту назди Холиқ дар куҷост ва ғами дунёро бар душ нагир, зеро охират ва дунё аз они Аллоҳ аст ва ғами ризқро ҳам бар душ нагир, зеро он низ назди Аллоҳ аст ва ғами ояндаро ҳам бар душ нагир, зеро он дар дасти Аллоҳ аст. Сабабҳоро бигир ва чунон ки ба ту фармуда шудааст, устувор бош, на он гуна ки худ хоҳиш мекуни.
видео или голосовое, без подписи
видео или голосовое, без подписи
Часть 1
Китоби Таблису Иблис [ تلبيس إبليس ] [ Бо забони руси ] 👇🏻
Мехоҳам яке аз васвасаҳои Шайтонро ба шумо бирасонам ки: Вақте Шайтон لَعْنَةُ اللهُ عَلَيْهِ донад, ки бандаи Аллоҳ-ро бо роҳҳои тарки намозу ширку куфр васвос карда наметавонад, пас у аз ҳама ҷои заъифу нозуки одамро мекобад, яъне олимро оҳиста-оҳиста ба роҳҳои бидъати бурда аз дин хориҷаш мекунад ва бо ҷавонҳое (бародарон ва хоҳароне) ки худро аз зинову фитнаҳои замони ҳозир муҳофизат мекунанд онҳоро бо роҳҳои дигар ба зино наздик мекунад мисле ки гуё у хоҳареро/бародареро даъват дорад ё ки бо нияти бад бо у суҳбат надорад баъдан ҳамин тавр оҳиста-оҳиста уро аз хати кашидаи Аллоҳ берун мебарорад мисли қиссаи шейх Барсиса ки Шайтон уро оҳиста-оҳиста ба зино наздик карда буд. Барои ҳамин эй шахсе, ки ин паёмро мехони худро аз инхел васвосҳо ва фитнаҳои зираконаи Шайтон муҳофизат кун, ҳамеша паноҳ ба Аллоҳ бибар аз шарри ин Шайтони ронда шудаву ноумед! Тавсия: Як китоби беҳтарин ҳаст бо номи Талбису Иблис [ تلبيس إبليس ] яъне Макрҳои Иблис, ки онро Ибни Ҷавзи (رَحِمَهُ اللّٰه) навиштааст, агар тавонед ин китобро ҷустуҷу кунед кобед ва мутолеъа кунед беҳтарин китоб аст барои донистани макрҳои Шайтон.
⤴️Зикрҳои субҳу шомро аз хотир набароред ✅
видео или голосовое, без подписи
🟢Азкорҳои Субҳ
Кушиш кунед, ки тарзи рафтор, роҳу равиш ва хислату сифатҳои Паёмбар ﷺ омузед ва ба худатон татбиқ кунед.
ٱللَّٰهُمَّ صَلِّ عَلَىٰ مُحَمَّدٍ وَعَلَىٰ آلِ مُحَمَّد "Аллоҳумма салли ъала Муҳаммадин ва ъала али Муҳаммад"
Мо уммате ҳастем, ки миллат дар он ақида, ватан дар он дарул Ислом, фармонраво дар он танҳо Аллоҳ ва қонуни асоси дар он Қуръон аст!
Мо ба гуҷо равонем?
Зан, рузгоре хоста ва маҳбуб буд, барои расидан ба у мол ва ҳадя тақдим мешуд, ва хостгор барои ҷалби ризояти падараш тақарруб меҷуст. Дар Қуръон омадааст, ки дар даврони идда, ҳатто тасреҳ ба хостгори раво нест, то каромати зан ҳифз шавад ва эҳсосоташ пушида бимонад. Зан, чи бокира ва чи бева, муҳтарам ва матлуб буд, ва ҳангоме ки шавҳараш дар майдони набард шаҳид мешуд, мардон барои хостгори аз у пешқадам мешуданд, аз сари шарофат ва барои посдори аз у. Мард, аз шиддати ҳаёи зан ва бузургии ҷойгоҳаш, барои диданаш худро пинҳон мекард. Аммо имруз... варақ баргаштааст! Зан бо ороиш берун меояд, то шавҳар шикор кунад, балки гоҳе хонаводаҳои зоҳиран муҳофизакор уро ташвиқ мекунанд, ки аз роҳи донишгоҳ ё кор, худаш касеро барои издивоҷ пайдо кунад. Ва зани дигаре дар «Ютуб» бо як ба истилоҳ фақеҳ менишинад ва ҷасурона ва густохона бо мардон баҳс мекунад, гуё на валие дорад ва на ғайрате, ки посдори у бошад! Пас аз он ки зан ҷавҳари гаронбаҳо буд, ки ҳифз мешуд, то хоста шавад ва гироми дошта шавад, арзишаш чунон коста шуд, ки имруз худаш барои худаш чона мезанад!
Имруз андеша ва рафтори мо то куҷо ба аҳкоми дин ва таълимоти исломи мувофиқат мекунад? Оё мо танҳо бо забон мусулмонем ё дар амал ҳам?
Агар дидӣ, ки Қуръон дар дилат ҳеҷ таъсире нарасонд, худатро айбдор кун, зеро Аллоҳ фармудааст, ки агар ин Қуръон бар кӯҳе нозил шавад, ба таҳқиқ хоксор мешавад. Ибни Усаймин رحمه الله
Ё Аллоҳ моро аз ҷумлаи муъминони мухлис дошта бош!
﴿ أَلَا إِنَّ نَصْرَ اللَّهِ قَرِيبٌ ﴾ 🫀🫀🫀🫀
Дар Ла Илаҳа Иллоҳ чор чиз аст. مولانا متوكل رحمه الله Мавлоно Мутаваккил Раҳимаҳуллоҳ